Ҷонболат Мамай, ки раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби демократӣ дар Қазоқистон мебошад, баъди хориҷ шудан аз шуъбаи пулиси Алмато гуфт, вай ба "таҳқиқри намояндаи давлат" айбдор мешавад.
"Дар ҷараёни тазоҳуроти 18 сентябр маъмурони пулис маро ба замин хобонданд. Сипас ман гуфтам, "кормандони пулисе, ки ин амалро анҷом медиҳанд хоини миллат ҳастанд. Агар Чин фардо тавсеаталабиро дар Қазоқистон оғоз кунад, ин хоинон ба чиниҳо хидмат мекунанд". Маҳз барои ин суханҳо зидди ман 17 октябр парванда боз шудааст", - гуфт ӯ.
Фаъоли қазоқ гуфт, ин парванда "ангезаи сиёсӣ" дорад ва ҳадафи он фишор ба фаъолони Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон аст.
Пулиси Алмато то ҳол парванда алайҳи Мамайро шарҳ надодааст.