Ссылки доступа

Қазоқистон барои бонувони афғон роҳи транзитӣ боз кард


Вазорати умури хориҷии Қазоқистон гуфт, ин кишвар барои бурунрафти бонувони афғон - додрасҳо, вакилони порлумон ва аъзои хонаводаи онҳо роҳи транзитиеро ташкил кардааст.

"Раҳбари давлат бо назардошти пойбандии Қазоқистон ба уҳдадориҳои байналмилалии худ тасмим гирифт, ки барои бурунрафти бонувон - додрасҳо, вакилони порлумон ва аъзои хонаводаҳояш аз Афғонистон роҳи транзитӣ ташкил карда шавад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Ба иттилои сомонаи маҳалли Informburo, мебоист тавассути ин "долони сабз" 99 кас ба хориҷ аз Қазоқистон парвоз кунанд.

Ба огаҳии вазорат, роҳи мазкури транзитӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии ғайридавлатӣ тавассути фурудгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон ташкил карда шудааст.

XS
SM
MD
LG