Ссылки доступа

"Тиллои скифҳо" ба Украина дода мешавад


Додгоҳи таҷдиди назари Амстердам ҳукм кард, ки осори тиллоии замони скифҳо, ки аз осорхонаҳои Қрим берун бурда шудааст, ба Украина баргардонида шаванд.

Намояндагони осорхонаҳои ҷойгир дар нимҷазираи Қрим, ки Русия онро аз соли 2014 ишғол кардааст, пойфишорӣ мекарданд, ки тилло бояд ба Қрим баргардад. Намоишгоҳи “Қрим – тилло ва асрори Баҳри сиёҳ” он солҳо дар Нидерланди ҷараён дошт ва аз соли 2014 баҳси атрофи мансубияти ин осор дар додгоҳҳои маҳаллӣ шурӯъ шуд.

Ҳукумати Украина осори қадимаи тиллоии осорхонаҳои Қримро ба ихтиёри вазорати фарҳанги Украина ва осорхонаи таърихи Украина дод ва талаб кард, ки ин осор ба Украина баргардонида шавад.Осорхонаҳои Қрим мегуфтанд, ки бар асоси созишномаи ташкили намоишгоҳ, тилло бояд ба қаламрави нимҷазираи зери назари Русия баргардонида шавад.

Декабри соли 2016 додгоҳи ҳавзаи Амстердам қарор кард, ки осори ҳунарие, ки то замони ишғол шудани Қрим аз ҷониби Русия ба ин кишвар роҳ ёфт, моли Украина мебошад. Муҳокимаи шикоят дар ин замина тахминан панҷ сол тӯл кашид ва санаи содир шудани ҳукм чандин дафъа паспарто шудааст.

Таҷрибаи осорхонаҳои ҷаҳонӣ чуни наст, ки осори ҳунарии онҳо маъмулан моли худи музейҳо мебошанд, на давлатҳое, ки дар қаламрави онҳо ин музейҳо ҷойгир ҳастанд. Раиси ҳукумати Қрим Сергей Аксёнов ҳукми додгоҳи Нидерландиро «ғоратгарӣ» номид. Президенти Украина Владимир Зеленский дар Твиттераш навишт, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ аст. «Мо ҳамеша дороиҳои худро бармегардонем. «Тиллои скифҳо»-ро баргардонидем, Қримро ҳам бармегардонем», гуфт ӯ.

XS
SM
MD
LG