Ссылки доступа

Раиси Идораи фурӯши барқ дар Мастчоҳро бо корд захмӣ карданд


Раиси Идораи фурӯши барқ дар ноҳияи Мастчоҳи навро бо корд захмӣ кардаанд. Мақомоти корҳои дохилӣ ҳанӯз қазияро шарҳ надодаанд.

Вале манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳодиса ҳафтаи гузашта рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, Рустам Тӯйчиев, раиси Идораи фурӯши барқи ноҳияи Мастчоҳ аз сӯи як корманди собиқаш захмӣ шудааст. Манбаъ мегӯяд, Тӯйчиев дар пайи шикояти сокинон як нозири барқро аз кор озод мекунад.

"Ин нозири барқ баъди озод шудан аз кор ба ҳуҷраи кории Рустам Тӯйчиев омада, бо ӯ баҳс мекунад ва бо корд як маротиба ба қафаси синааш мезанад. Раиси Идораи барқро фавран ба беморхона интиқол доданд",-афзуд манбаъ.

Масъулини Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 27-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аҳволи раиси Идораи фурӯши барқ хуб аст ва рӯзҳои наздик ӯро аз беморхона ҷавоб медиҳанд. Пизишкон гуфтанд, корд ба қабурғаи Рустам Тӯчиев осеб расондааст. Масъулини Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд гуфтанд, қазияро давоми рӯз шарҳ медиҳанд.

Ҳанӯз мушаххас нест, ки дар робита ба захмӣ шудани раиси Идораи барқи Мастчоҳ касе боздошт шудааст ё не. Рустам Тӯйчиев мутахассиси собиқадори Идораи барқ мебошад. Ӯ баъди тақсим шудани "Барқи тоҷик" ба се ширкат, раиси Идораи фурӯши барқ дар ноҳияи Мастчоҳ шуд.

Захмӣ шудани раиси Идораи фурӯши барқ дар ҳоле рух медиҳад, ки ин шабу рӯз сокинони манотиқи кишвар ба камбуди барқ рубарӯ ҳастанд. Дар ин бора ҳамарӯза Радиои Озодӣ ҳамарӯза аз минтақаҳои Тоҷикистон шикоятҳои зиёд мегирад. Сокинон мегӯянд, аз соати 8-и субҳ то 17 ва ҳам шабона барқ надоранд.

Масъулини ширкати "Барқи тоҷик" батакрор мегӯянд, дар кишвар лимит ё маҳдудият ҷорӣ нашудааст ва сабаби қатъ шудани барқ, корҳои таъмирӣ дар хатҳои баландшиддат мебошад. Бисёриҳо ба ин изҳороти мақомот шубҳа доранд ва мепурсанд, чигуна дар нисфи шаб корҳои таъмирӣ гузарондан мумкин аст?

XS
SM
MD
LG