Ссылки доступа

Кишоварзони Узбекистонро маҷбур доранд, заминҳояшонро ба ихтиёри давлат супоранд


Кишоварзони ноҳияи Букини вилояти Тошканди Узбекистонро маҷбур доранд, ки "дар бораи ихтиёран ба захираи давлатӣ интиқол додани заминҳояшон" ариза нависанд.

Яке аз кишоварзон гуфт, шахсан шоҳиди 30 ҳолате шудааст, ки аз кишоварзон иҷборан ариза гирифтаанд.

"Нахустин ҳолат рӯзи 17 октябр сурат гирифт. Он замон 20 кишоварз маҷбуран ариза навиштанд", - гуфт ҳамсуҳбати бахши узбекии Радиои Озодӣ. Мақомоти маҳаллӣ аз неруи мақомоти қудратӣ дар маҷбур кардани кишоварзон ба навиштани ариза истифода мекунанд, мегӯянд кишоварзон.

Бо ин вуҷуд, мақомоти маҳаллӣ ин хабарҳоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG