Ссылки доступа

Як мансабдори қирғизистониро бо гумони ташкили монеаҳои сунъӣ барои тиҷорат боздошт карданд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки "гуруҳе аз мансабдорон ва ширкатҳои алоҳида бо ҳадафи даромади молӣ ба даст овардан, забон як карда, давоми чанд сол барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар монеаҳои сунъӣ эҷод мекарданд".

Дар ҷараёни тафтиш мушаххас шудааст, ки муовини пешин ва амалкунандаи вазорати кишоварзии Қирғизистон дар ин кор даст доштаанд. Дар робита ба ин рӯзи 26 октбяр муовини кунунии вазири кишоварзӣ М.И., инчунин муовини пешин И.А.С боздошт шудаанд.

Дар мақомоти Қирғизистон гуфтанд, тафтишот давом дорад ва афроди дигари дохил дар эҷоди монеаҳои сунъиро боздошт хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG