Ссылки доступа

Ваколатҳои Ангела Меркел ба ҳайси садри аъзами Олмон ба поён расид


Ангела Меркель
Ангела Меркель

Ангела Меркел, ки аз моҳи ноябри соли 2005 садри аъзами Олмон буд, расман аз раисии ҳукумати Олмон канор рафт.

Рӯзи 26 октябр - дар рӯзи ҷаласаи аввали порлумони нав - президенти Олмон Франк-Волтер Штайнмайер ба Меркел ва аъзои ҳукуматаш санади ба поён расидани ваколатҳояшонро дод.

Акнун, бино ба Конститутсияи Олмон, Меркел ва аъзои ҳукуматаш то замони ташкили ҳукумати нав ба иҷрои ваколатҳояшон муваққатан идома медиҳанд.

Интихоботи порлумонӣ дар Олмон рӯзи 26 сентябр баргузор шуд. Дар он Ҳизби сотсиал-демократӣ бо роҳбарии Олаф Шолтс пирӯз шуд. Барои ташкили ҳукумати нав миёни ҳизбҳои сиёсие, ки вориди порлумон шуданд, гуфтугӯҳо идома доранд.

XS
SM
MD
LG