Ссылки доступа

Парвандаи куштори фаъоли қазоқро дубора ба додгоҳ фиристоданд


Парвандаи баҳсбарангези куштори фаъоли маданӣ Галӣ Бактибоев, ки соли 2019 дар наздикии хонааш, дар деҳаи Атасуи вилоят ба қатл расид, дубора барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шудааст.

Дар додгоҳи Қарағанда, ки қаблан ҳукми бегуноҳии гумонбарони парвандаро содир карда буд, ин хабарро тасдиқ карданд.

Куштори Бактибоеви 59-сола, ки қаблан борҳо таҳдид шуда буд, шаби 28 майи соли 2019 рух дод. Баррасии парвандаи ӯ моҳи майи соли 2020 оғоз шуда, муфаттишон он замон кушторро фармоишӣ номида буданд.

​Вале додгоҳ собиқ корманд пулис Галим Ахмеджанов ва соҳибкори 41-сола Азамат Букенаев, ки дар ташкили латтукӯб ва куштори фаъоли мадании қазоқ гумонбар мешуданд, сафед кард.

Додрас гуфт, фармоишӣ будани куштор тасдиқи худро наёфт ва ин афрод ба қатли фаъоли маданӣ низ робитае надоранд. Ҳамчунин гумонбари дигар Элдар Жакен танҳо дар латтукӯби фаъолӣ маданӣ айбдор шуда, се сол аз озодӣ маҳрум гардида буд.

Ҷониби ҷабрдида аз болои ин ҳукм ба зинаи болоӣ шикоят бурд. Додгоҳи баррасии шикоятҳои вилояти Қарағанда ҳукмро бекор кард.

XS
SM
MD
LG