Ссылки доступа

Тақдири роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон дар ҷараёни сафари Ҷабборов ба Пекин маълум мешавад


Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров 27 октябр дар ҷаласаи порлумон гуфт, санадҳои лозимӣ барои бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон омода карда шудаанд.

"Бо ҷониби Узбекистон гуфтугӯҳои ахир анҷом шуданд. Вазирон бо чархбол минтақаро давр зада, санадҳоро омода карданд. Мо сафари президенти Қирғизистон Содир Ҷабборовро ба Пекин мунтазир ҳастем. Пекин ҳоло ба далели коронавирус баста аст. Баъди боз шудани роҳҳо тақдири роҳи оҳани мазкур дар ҷараёни сафари президент ҳал хоҳад шуд. 280 километри роҳ аз Қирғизистон мегузарад", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Жапаров, дар ҳоли ҳозир гузинаҳои гуногуни сармоягузории сохтмони роҳи оҳан баррасӣ мешавад.

Ташаббуси бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон аз соли 2000-ум ба ин сӯ садо медиҳад. Вале то ҳол иҷрои он шуруъ нашуда буд. Бино ба арзёбиҳо харҷи он 6-6,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар пайи мушкилиҳои марзии кишвараш бо Қазоқистон гуфта буд, ки Бишкек бояд роҳҳои дигари бурунрафт ва дастёфт ба бозори беруниро пайдо кунад. Аз ҷумла, ӯ иҷрои ин тарҳро бисёр муҳим хонда буд.

Намояндагони се кишвар соли 2017 дар Тошканд созиш карда буданд, ки ҷанбаҳои техникиву иқтисодии тарҳро моҳи августи соли 2018 ва масоили молии онро то охири ҳамон сол баррасӣ ва ҳал кунанд. Он замон гуфта мешуд, ки се гузина баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG