Ссылки доступа

Дар Узбекистон муовини декан бо гумони озори ҷинсии донишҷӯ дастгир шудааст


Муовини декани Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Тошканди Узбекистон бо гумони озори ҷинсии донишҷӯи курси севум дастгир шудааст.

Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати умури дохилии Узбекистон Шохрух Ғиёсов хабар додааст.

Бино ба навиштаи тарҳи Nemolchi, донишҷӯй М.К. барои пешниҳоди номзадияш ба ҷоизаи Зулфия ба назди муовини декан оид ба умури ҷавонон рафта, аз ӯ хостааст, ки барояш тавсифнома диҳад. Муовини декан ба донишҷӯдухтар дастдарозӣ кардааст. Вале баъди фарёд задани духтару тақ-тақ шудани дар ӯро аз тиреза ба замин партофтааст.

Донишҷӯй бо нишонаҳои шикастани устухонҳои кос, мошаро ва осеби мағзӣ дар беморхона бистарӣ шудааст.

Зидди муовини декан, ки 23 октябр дастгир гаштааст, бо бандҳои "таҷовуз" ва "барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ" парванда боз кардаанд.

XS
SM
MD
LG