Ссылки доступа

Дар Душанбе 100 кӯдаки беморро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд (видео)


Наздики 100 кӯдакро, ки бемории модарзодии қалб доранд, дар шаҳри Душанбе ройгон ҷарроҳӣ мекунанд. Ин ҷарроҳиҳо аз сӯи пизишкони маҳаллӣ ва 12 кишвари хориҷӣ сурат мегиранд.

Иқдоми мазкур бо ташаббуси вазорати тандурустии Тоҷикистон ва бо пуштибонии молии Имороти муттаҳидаи Арабӣ барои кӯдакон аз хонаводаҳои камбизоат амалӣ мешавад. Бархеҳо ҷарроҳӣ шудаанд.

В Таджикистане бесплатно прооперируют 100 детей с пороком сердца
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:20 0:00

Нозимахони 7-сола оҳиста-оҳиста ба худ меояд. Қалби ӯро ҷарроҳӣ карданд. Вай худро хуб ҳис мекунад. Нозимахон бо нуқси модарзодӣ дар қалбаш таваллуд шуд. Нилуфар, модари Нозимахон гуфт, зиндагии камбизоатона доранд ва имкон надоштанд, ки бо маблағи худ духтарашонро ҷарроҳӣ кунанд. Солҳои зиёде дар навбат буданд, ки Нозимахонро ройгон ҷарроҳӣ кунанд.

То имрӯз 30 пизишк аз 12 кишвари хориҷ бештар аз 40 ҷарроҳии пӯшида ва 20 ҷарроҳии боз анҷом додаанд. Ҳамарӯза дар беморхонаи "Истиқолол"-и шаҳри Душанбе бештар аз 10 ҷарроҳӣ анҷом мешавад.

Чунин иқдом аз соли 2017 ба ин тараф соле як маротиба сурат мегирад. Дар панҷ сол таҳти ин иқдом 560 ҷарроҳӣ анҷом шудааст.

Аммо на ҳамаи кӯдаконе, ки ба ҷарроҳӣ ниёз доранд, дар ин ташаббус фаро гирифта мешаванд. Зеро ин иқдом барои 100-110 кӯдак дар сол пешбинӣ шудааст. Ҷарроҳиҳо то 2 ноябр идома мекунанд.

XS
SM
MD
LG