Ссылки доступа

Дар вилояти Алмато занозании гуруҳии хонандагон ба "бетартибии шабона" мубаддал шуд (видео)


Пулиси вилояти Алматои Қазоқистон хабар дод, ки дар пайи бетартибиҳои шаби 28 октябр дар деҳаи Пиҷими ноҳияи Панфилов бо моддаи "Авбошӣ" парванда боз кардааст.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори занозании гуруҳии хонандагони синфҳои болоии мактаби миёна нашр шуд. Дар натиҷаи он занозанӣ як наврас дар бемористон бистаррӣ шуда ва чанд тани дигар захм бардоштааст.

Ба иттилои пулис, соати 8 шоми 27 октябр дар бораи занозании хонандагон хабар расидааст.

"Наврасон шишаҳои чанд манзили зист ва чанд мошинро шикастаанд", - хабар дод пулис.

XS
SM
MD
LG