Ссылки доступа

Дар Узбекистон тартиби ба ятимон додани манзилро муайян карданд


Ҳукумати Узбекистон рӯзи 25 октябр Санад дар бораи тартиби додани манзил ба ятимон ва кӯдакони бесарпаноҳ мондаро қабул кард. Дар ин бора вазорати адлияи Узбекистон хабар дод.

Бино ба он санад, ба ин кӯдакон ҳукуматҳои маҳаллӣ аз биноҳои баландошёна манзил медиҳанд.

Муасиссаҳои таълимӣ ва ҳокимиятҳои ноҳияҳо кӯдакони ятим ва бепарасторро дар навбати хона сабти ном миекунанд.

Ин кӯдакон ба маҳзи расидан ба сини 18 бояд соҳиби манзил шаванд.

Вале онҳо ҳақ нахоҳанд дошт, ки то сини 30 манзилҳои дарёфтиро фурӯшанд.

XS
SM
MD
LG