Ссылки доступа

Ширкати Фейсбук номашро иваз кард


Марк Цукерберг основал самую известную соцсеть в мире в 2004 году
Марк Цукерберг основал самую известную соцсеть в мире в 2004 году

Бунёдгузори ширкати "Facebook" Марк Сукерберг хабар дод, ки ин ширкат номашро ба "Мeta" иваз кард. Вале номи шабакаи иҷтимоӣ иваз нашудааст.

"Маъмурияти мо ҳамоно муттаҳид сохтани мардум аст. Бренди барномаҳои мо низ иваз намешавад. Номи нав бозгӯкунандаи ҳамаи роҳест, ки мо тай кардем ва ояндае мебошад, ки мо мехоҳем бунёд кунем. Акнун мо намехоҳем танҳо Фейсбук бошем... Мехоҳам, моро ҳамчун ширкати таҳиягар қабул намоянд", - изҳор дошт ӯ.

Сомонаи расмии ширкати "Meta" навиштааст, ки ҳадафи асосии он муттаҳид сохтани мардум дар олами маҷозӣ ва фароҳам кардани шароит барои роҳҳои гуногуни суҳбат мебошад.

"Фейсбук" дар давоми 15 соли ахир дар баробари "WhatsApp" ва "Instagram" тақрибан 70 ширкатро харидорӣ кардааст. Он соли 2012 барои "Instagram" 1 миллиард доллар дода буд. "Instagram" он замон ҳудуди 30 миллион корбар дошт ва фоидаовар набуд. Чанд сол баъд паёмакрасони "WhatsApp"-ро ҳам бар ивази 19 млн доллар харид.

XS
SM
MD
LG