Ссылки доступа

Соҳибкорони узбек акнун метавонанд то $1 млн қарз гиранд


Соҳибкорони Узбекистон акнун метавонанд то 1 миллион доллари амрикоӣ қарз гиранд.

Дар ин бора дар қарори президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев "Дар бораи тадбирҳои иловагии коҳиши сарбории соҳибкорон роҷеъ ба иҷрои уҳдадориҳои қарзии худ бо асъори хориҷӣ" аз 27 октябр гуфта шудааст.

Тибқи қарор, бонкҳо қарзро бо пули миллӣ ба соҳибкорон хоҳанд дод.

Дар қарор ҳамчунин омадааст, қарзҳои ҷалб кардаи ҳукумати Узбекистон аз созмонҳои молии байналмилалӣ ва ниҳодҳои молии расмии кишварҳои хориҷӣ барои сармоягузории лоиҳаҳои соҳибкорӣ ба ширкатҳое ба муҳлати на камтар аз 10 сол дода мешавад, ки дар лоиҳаҳо иштирок доранд.

XS
SM
MD
LG