"Сабаб ва чи гуна рух додани ин ҳодиса дар рафти тафтиш муайян карда мешавад. Ташхиси судӣ-тиббӣ гузаронида мешавад", - омадааст дар иттилоияи пулиси Алмато.
Маъмурияти Мактаби зеҳнии Назарбоеви Алмато ҳалокати хонандаи синфи 8-умро тасдиқ кард ва ин ҳодисаро "фоҷеа" номид.
Хабаргузории КазТАГ бо истинод ба як манбаи огаҳи худ хабар дод, ки наврас худро аз баландӣ ба замин партофтааст.