Ссылки доступа

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, афғонистониҳоеро, ки муҳлати визояшон тамом шудааст, ихроҷ намекунанд


Фирориёни афғонистонӣ, ки дар Узбекистон паноҳ бурдаву муҳлати визояшон ба поён расидааст, аз он кишвар ихроҷ нахоҳанд шуд.

Сомонаи Gazeta.uz бо такя ба вазорати корҳои дохилии Узбекистон навишт, дар робита ба баста будани марзи Узбекистон бо Афғонистон, афғонистониҳоро ихроҷ нахоҳанд кард.

Ба иттилои ВКД Узбекистон, муҳлати будубоши ҳамаи шаҳрвандони хориҷиеро тамдид мекунанд, ки қонунҳои Узбекистон ва тартиби будубошро поймол накардаанд.

Пештар аз ин ҳомиёни ҳуқуқ аз ихроҷи эҳтимолии 70 афғонистонӣ аз Узбекистон изҳори нигаронӣ карда буданд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, айни замон дар ин кишвар 13 ҳазору 658 шаҳрванди Афғонистон ҳузур дорад.

XS
SM
MD
LG