Ссылки доступа

Додгоҳ бегуноҳии писари сарвазири пешини Доғистонро дар робита ба куштори донишҷӯи қазоқистонӣ бекор кард


Додгоҳи шаҳри Москва қарори бегуноҳии Муртузалӣ Маҷидов, писари раиси пешини ҳукумати Доғистон Мухтор Маҷидовро дар робита ба куштори Томирис Байсафӣ, донишҷӯдухтари қазоқистонӣ, бекор кард.

Куштор дар баҳори соли 2018 сурат гирифта буд.

Расонаҳои Русия бо такя ба вакили мудофеи судшаванда навиштанд, парвандаи куштори Томирис Байсафии 21-сола дубора баррасӣ мешавад.

Бекорсозии қарори бегуноҳии Маҷидовро ҷабрдидаҳо ва додситонҳо талаб карда буданд.

Моҳи июни соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Никулини Москва Муртузалӣ Маҷидовро дар куштори Байсафӣ бегуноҳ эътироф ва аз толори додгоҳ озод кард.

Байсафии 21-сола баҳори соли 2018 аз ошёнаи чаҳоруми бинои донишгоҳ ба замин афтода, баъди чанд рӯзи бистарӣ дар бемористон фавтид. Он замон бо моддаи "Расонидан ба ҳадди худкушӣ" парванда боз шуд, аммо дертар ӯро ба моддаи "Куштор" табдил карданд. Яке аз донишҷӯён гуфт, Байсафиро аз равзана тела додаанд. Муртузалӣ Маҷидов ҳамдарсӣ Байсафӣ буд. Бино ба нақли донишҷӯён, миёни Маҷидов ва Байсафӣ робитаҳо ошиқона мавҷуд буд.

Мухтор Маҷидов - падари Муртузалӣ Маҷидов аз моҳи январ то июли соли 2013 раиси ҳукумати Доғистон буд.

XS
SM
MD
LG