Ин саммит дар моҳи ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия баргузор мешавад.
Ҷабборов дар доираи ин сафар бо президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон мулоқот хоҳад кард. Дар ин бора маркази матбуотии президенти Қирғизистон хабар дод.
Содир Ҷабборов моҳи июни соли ҷорӣ бо сафари расмӣ ба Туркия рафта, бо ҳамтои туркаш мулоқот карда буд. Яке аз мавзуҳои асосии гуфтугӯ он замон рушди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ буд.
Ҷабборов ба ҳайси президенти Қирғизистон то ин замон ба Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Русия ва Туркманистон низ сафар кардааст.