Ссылки доступа

Нархи орд дар Тоҷикистон боз ҳам боло рафт


Нархи орд-яке аз маҳсулотҳои ниёзи аввал дар Тоҷикистон боз ҳам боло рафтааст.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ субҳи 27-уми октябр дар бархе бозорҳои Душанбе мушоҳида карданд, ки нархи як халтаи орди 50-и килоии истеҳсоли Қазоқистон ба 300 сомонӣ расидааст.

Сокинон мегӯянд, дар минтақаҳо, бахусус дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва ҳам водии Рашт орд аз ин ҳам қиматтар аст. Мушкили орд дар Тоҷикистон як моҳ оғоз шуд. Дар ин муддат нархи як халтаи орд аз 240 сомонӣ то 300 ва аз он ҳам зиёд шуд. Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон сабаби болоравии нархи ордро дар кишвар ба "кам шудани ҳосили гандум дар Қазоқистон", пайванд медиҳанд. Тоҷикистон гандумро асосан аз Қазоқистон ва як миқдори камтарро аз Русия меорад. Ба гуфтаи мақомот, барои таъмини мардуми Тоҷикистон солона 700 ҳазор тонна орд лозим аст.

Дар ҳоле, ки мақомот ваъда доданд, нархи ордро назорат мекунанд, вале ба назар мерасад, ин талошҳои чандон самарае наовардааст. Пештар мақомот аз ҳисоби захираҳои давлатӣ талош карда буданд нархи маҳсулоти ниёзи аввалро муътадил нигоҳ доранд, аммо мутахассисон мегӯянд, ин чиз барои танзими нарх кофӣ нест. Орд маҳсулоти асосӣ барои ҳар оилаи тоҷикистонӣ аст ва болоравии нархи он ба буҷаи хонаводаҳо таъсир мерасонад.

XS
SM
MD
LG