Ссылки доступа

Додгоҳе дар Маскав блогери тоҷик Руслан Бобиевро аз озодӣ маҳрум кард


Ба гузориши расонаҳои Русия, блогери тоҷик Руслан Бобиев (Талабҷон Муродҷонзода) барои аксҳои ҷанҷолӣ дар назди калисои Василийи Муқаддас дар Маскав 10 моҳ аз озодӣ маҳрум шуд.

Додгоҳи ноҳияи Твер рӯзи 29-уми октябр шарики ӯ, Анастасия Чистова (машҳур бо номи Ася Акимова)-ро низ бо айни гуноҳ маҳкум кардааст.

Онҳо ба нашри аксе дар Инстаграм, ки гуё робитаи ҷинсиашонро дар назди калисо нишон медиҳад, гунаҳкор шуданд. Додгоҳ онро таҳқири эҳсоси диндорон эътироф кард.

Ба иттилои расонаҳои Русия, пас аз эълони ҳукм Бобиев ва шарики ӯро дар толори додгоҳ ба ҳабс гирифтаанд. Пештар онҳо ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ буданд.

Ба сабаби пандемияи коронавирус рӯзноманигорон натавонистаанд, дар мурофиа ширкат кунанд. Юлия Помелова, вакили мудофеи Чистова, гуфтааст, Бобиев ва шарики ӯ дар ҷараёни мурофиа "ба гуноҳи худ иқрор шуда, тавба карданд ва узр пурсиданд".

Хабаргузории РИА Новости аз қавли Помелова навишт, Чистова ният дорад, ки аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кунад. Вале Надежда Федосеева, вакили мудофеи Руслан Бобиев, гуфтааст, зерҳимояаш шикоят нахоҳад кард.

Дар се моҳи охир ин блогери дувуми тоҷик аст, ки дар Русия аз озодӣ маҳрум мешавад.

Додгоҳе дар пойтахти Русия моҳи августи имсол блогери тоҷик ва ширкаткунанда дар “пранк” ё саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскав - Кароматулло Ҷабборовро ба ду солу чаҳор моҳ зиндон маҳкум карда буд.

XS
SM
MD
LG