Ссылки доступа

Тирпарронӣ дар Қазоқистон: як кас кушта, панҷ тани дигар маҷруҳ шуд


Дар ноҳияи Қизилкогини вилояти Атирауи Қазоқистон шоми 30 октябр миёни сокинони деҳаи Сагиз тирпарронӣ сурат гирифт.

Дар натиҷа як кас кушта, панҷ тани дигар ҷароҳат бардошт.

Чаҳор тани маҷруҳон дар бемористон бистарӣ шудаанд. Аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи "Омодагӣ ба ҷиноят ва сӯиқасд ба куштор" парванда боз шудааст. Тафтишот мегӯяд, баҳси лафзии ҷавонони деҳа ба тирпарронӣ анҷомидааст.

Расонаҳо менависанд, ин бори аввал нест, ки дар деҳаи мазкур ҷанҷол рух медиҳад. Дар моҳи июли соли гузашта дар натиҷаи занозаниҳои гуруҳӣ як ҷавонӣ 27-сола бо зарби корд кушта шуда буд. Қотилро 11 сол зиндонӣ карданд.

XS
SM
MD
LG