Ссылки доступа

Дар шаҳри Бикшек аз 1 ноябр арзиши роҳкиро боло рафт


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон имрӯз, 1 ноябр тарофаҳои нав дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба роҳ андохта шуд.

Бино ба қарори Маҷлиси шаҳрии Бишкек, ки охири моҳи сентябри соли ҷорӣ қабул шуда буд, роҳкиро дар автобусу троллейбусҳо аз 8 соми кунунӣ ба 11 сом ва дар минибус ё "маршрутка"-ҳо аз 10 соми кунунӣ рӯзи 1 ноябр ба 15 сом мерасад.

Аммо равуо барои нафақахӯрон дар автобусу троллейбусҳо ройгон боқӣ мемонад. Дар маршруткаҳо нафақахӯрон аз 8 субҳ то 9 шом ҳақ доранд, ройгон равуо кунанд.

Русланбек Оқилбек, ноиби раиси шаҳри Бишкек гуфт, ки гарон шудани роҳкироӣ талаби вақт буд ва мақомоти шаҳри аз "беилоҷӣ" ба гароншавии он иҷоза доданд.

Дар шаҳри Бишкек айни замон 1,5 ҳазор "маршрутка", 130 троллейбус ва 82 автобус кирокашӣ мекунад.

Ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Бишкек дар як соли охир бо талаби гарон кардани роҳкорӣ борҳо корпартоиву эътироз карданд.

XS
SM
MD
LG