Ссылки доступа

Дар даври дувуми интихобот дар Гурҷистон мухолифон аз "Орзуи гурҷӣ" шикаст хӯрданд


Дар Гурҷистон субҳи 31 октябр шумориши овозҳои раъйдиҳии даври дувуми интихоботи маҳаллӣ ба поён расид. Райъдиҳӣ рӯзи шанбеи 30 октябр баргузор шуд.

Номзадҳои ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" аз 20 курсӣ соҳи 19 курсӣ шуданд.

Танҳо дар ноҳияи Саленҷик, дар ғарби Гурҷистон, номзади ҳизби мухолифи "Ҳаракати ягонаи миллӣ" пирӯз гардид.

Ба иттилои комисияи марказии интихоботӣ, дар шаҳри Тифлис шарҳдори амалкунанда Каха Каладзе 55,6 дарсад раъй гирифта, ба тарафдории номзади "Ҳаракати ягонаи миллӣ" Никанор Мелия 44,4 дарсади сокинон овоз додаанд.

Мухолифон аз тақаллубкориҳо хабар дода, гуфтанд, натиҷаҳои интихоботи рӯзи шанберо эътироф намекунанд. Никанор Мелия, раиси "Ҳаракати ягонаи миллӣ" сокинонро ба "муборизаи оштинопазир" даъват кард.

Шоми рӯзи якшанбеи 31 октябр, ба иттилои "Эхо Кавказа", дар маркази шаҳри Тифлис чанд ҳазор ҷонибдори мухолифон ҷамъ шуданд. Мелия шоми дирӯз гуфтааст, ки рӯзи 7 ноябр тасмим доранд, дар Тифлис гирдиҳамоии чандинҳазора ташкил кунанд. Ҳафтаи оянда ҳамзамон дар шаҳрҳои Батумӣ ва Кутаисӣ баргузории гирдиҳамоиҳо дар назар аст.

XS
SM
MD
LG