Бино ба ин созишнома, андозситонӣ дар ҳаҷми на камтар аз 15% таъйин хоҳад шуд.
Ба ин тартиб, кишварҳои "Бистгона" мехоҳанд, ширкатҳои фаромиллӣ андози бештар пардозанд, на ин ки бо кӯчонидани дороиҳо ба офшорҳо, аз пардохти андоз саркашӣ кунанд.
Интизор меравад, ин навгонӣ дар бахши андозситонӣ аз соли 2023 ба иҷро дарояд. Роҳбарони ду кишвари узви "Бистона" - Русия ва Чин тариқи онлайн дар ҷаласа ширкат карданд.
Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварҳои "Бистгонаи бузург" наздики 80 дарсади ҳаҷми умумии ММД ҷаҳонро ташкил медиҳад.