Ссылки доступа

Хонандагони мактаб дар Қазоқистон зидди табъйизи ҷинсӣ эътироз карданд (видео)


Хонандагони Мактаби интеллектуалии Назарбоев дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 29 октябр, баъди марги як хонандаи синфи 8, иқдимои эътирозӣ ташкил карданд.

Хонандагони ин мактаб бо шиори "Либос ҷинсият надорад" гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо бо домани кутоҳ ё "юбка" ба мактаб омада, акси дастаҷамъӣ гирифтанд. Ба ин тартиб, хонандагон аз амали равоншиноси мактаб эътироз карданд, менависанд расонаҳо.

Як хонандаи синфи 8 дар мактаби мазкур чанд рӯзи пеш бо "юбка" ба дарс омад ва аз сӯи равоншиноси мактаб сарзаниш шунид. Он хонанда худро аз ошёнаи 11 ба замин партофт.

Дар мактаби интеллектуалӣ гуфтанд, ҳодиса 27 октябр рух додааст. Пулиси шаҳри Алмато бо моддаи "Ба худкушӣ расонидан" тафтишро шуруъ кардааст.

XS
SM
MD
LG