Ҳадафи асосии мулоқоти Глазго баррасии нахустин натиҷаҳои Созишномаи иқлими Порис аст, ки соли 2015 имзо шуда буд. Ин саммит қарор буд, соли гузашта баргузор шавад, вале ба далели пандемияи коронавирус баргузории он як сол ба таъхир афтод.
Дар рӯзи нахустини нишаст сарони Гуруҳи 20 (G20) ё 20 кишвари саноатии ҷаҳон мулоқот ва то куҷо иҷро шудани бандҳои Созишномаи иқлими Порис аз сӯи кишварҳоро баррасӣ хоҳанд кард.
Бештари коршиносон мегӯянд, раҳбарони кишварҳои ҷаҳон наметавонанд дар ин замина ба ҳадафи ягона бирасанд. Зеро се кишвари олудасози калидӣ - Чин, Русия ва Ҳиндустон аз тасмими коҳиши партови газҳои гулхонаӣ, ки бояд ҳаҷми он то соли 2025 ба сифр расонида шавад, ҷонибдорӣ намекунанд. Чину Русия мегӯянд, ин кор то соли 2060 имкон дорад ва Ҳиндустон ҳанӯз хомуш аст.