Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон ба Глазго бо ҳавопаймои кироя сафар кард


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба шаҳри Глазгои Шотландия, ки қарор аст дар онҷо нишасти байналмилалие дар бораи тағйири иқлим баргузор шавад, бо як ҳавопаймои хусусии кироя сафар кардааст.

Маъмурияти президенти Қирғизистон ҳанӯз расман шарҳ надодааст, ки барои Ҷабборов аз кадом ширкат ва бар ивази чи қадар маблағ ҳавопаймо кироя карда шудааст.

Гуфта мешавад, кишвари мизбон гӯиё огаҳ кардааст, ки наметавонад ба ҳавопаймои президенти Қирғизистон -- ТУ-154 иҷозати фурудоӣ диҳад. Зеро ин ҳавопаймо аз нигоҳи техникӣ куҳна шуда, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нест.

Ҳавопаймои "ТУ-154", ки президенти Қирғизистон бо он парвоз мекунад, соли 1993 истеҳсол шудааст. Онро раисҷумҳури Русия Владимир Путин соли 2006 ба раисҷумҳури вақти Қирғизистон Курманбек Боқиев туҳфа карда буд. Муҳлати умумии истифодаи ин ҳавопаймо 25 сол буда, он 12 сол мешавад, ки дар Қирғизистон истифода мешавад.

XS
SM
MD
LG