Ссылки доступа

Бастрикин хост, муҳоҷирон дар Русия озмоиши ДНК супоранд


Раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин пешниҳод кард, ки барои муҳоҷирон аз кишварҳои ҳамсоя озмоиши ҳатмии ДНК ҷорӣ карда шавад.

Бастрикин дар суҳбат бо хабаргузории "Интерфакс" ҳамчунин афзуда, ки ҳамаи навъҳои муҳоҷират, меъёрҳои сабтиноми хориҷиҳо барои квотаҳои ҷои кор қайд шуда, "тартиби бақайдгирии муҳоҷирон, гирифтани изи ангушт ва намудҳои дигари назорат бояд дақиқ карда шаванд".

"Ин тадбирҳо дар сурати ҷиддӣ будан назорат ба раванди муҳоҷиратро сахттар карда, барои воридшавии унсурҳои ҷиноӣ ба бозори кории мо монеаҳои иловагӣ мешаванд ва ҳамчунин ошкоркунии ҷиноятҳои содиркардаи онҳоро комёбтар хоҳанд кард", - изҳор доштааст ӯ.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир "амалҳои ғайриқонунии муҳоҷирони корӣ афзоиш ёфта, бо иштироки онҳо дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва задухӯрдҳои оммавӣ дар Русия мушоҳида мешавад".

Раиси Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, кормандони ин ниҳод дар нимсолаи аввали соли 2021 тақрибан 19 ҳазор ҷиноятеро ошкор кардаанд, ки марбут ба шаҳрвандони хориҷӣ аст.

XS
SM
MD
LG