Ссылки доступа

Садамаи маргбори падару писар дар Қазоқистон. Сокинон мақомотро айбдор мекунанд


Шоми 28 октябр дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Семейи Қазоқистон як кудаки 9-сола, ки аз мактаб бармегашт, ба ҳалокат расид.

Он шом дар наздикии маҳалли ин ҳодиса як автобус марди дигареро низ пахш кард. Гуфта мешавад, автобус таҳти идораи падари ронандае қарор дошт, ки кудакро ба ҳалокат расонд. Ӯ ба кумаки писараш шитоб мекард.

Сокинони деҳаи "Восход", ки садамаҳо дар ҳудуди он рух додаанд, мегӯянд, дар ин ҳодисаҳо шаҳрдории Семей айбдор аст. Зеро ба гуфтаи онҳо, дар роҳи мазкур баъзе аз аломатҳо насб нашудаанд ва роҳи пиёдагард низ, ки мақомот се сол мешавад ваъда медиҳанд, дар канори роҳи мошингард бунёд нашудааст.

Сокинон барои ҳалли ин мушкил мулоқот бо шаҳрдори Семейро талаб карданд. Вале ба ҷои шаҳрдор, ба назди сокинони норозӣ яке аз масъулони шаҳрдорӣ рафта, гуфтааст, дар рух додани садамаҳои нақлиётӣ худи ронандагон айбдор ҳастанд. Зеро қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд.

Дар робита ба ҳар ду садамаи нақлиётӣ, ки ду кушта бар ҷой гузоштанд, парванда боз шудааст. Ронандаи мошини сабукрав дар ҳабс буда, тақдири ронандаи автобус номаълум аст.

XS
SM
MD
LG