Ссылки доступа

“Қазияи Мадина”: Зан ба "қасди одамкушӣ" ва шавҳар ба "азобу уқубат" гумонбар шуданд


Азиза Давлатова, Мадина Мамадҷонова ва Лутфулло Давлатов
Азиза Давлатова, Мадина Мамадҷонова ва Лутфулло Давлатов

Додситонии куллии Тоҷикистон ҷузъиёти парванда алайҳи ду нафареро шарҳ дод, ки дар латту кӯб ва азияти Мадина Муҳаммадҷонова гумонбар ҳастанд. Қазияи шиканҷаи ҷавонзан вокунишҳои зиёди ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён овард ва бо дахолати Рустами Эмомалӣ, мақомот дубора онро ба баррасӣ гирифтанд. 

Дафтари матбуоти Додситонии кулл рӯзи 1-уми ноябр дар хабарномае гуфт, дар қазияи Мадина Муҳаммадҷонова ду нафар гумонбар ҳастанд ва нисбати онҳо бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. Аз ҷумла Азиза Давлятова ба “сӯиқасди одамкушӣ” ва шавҳараш Лутфулло Давлятов ба “азобу уқубат” муттаҳам дониста мешаванд.

Аз рӯи ин иттиҳом ба Азиза Давлатова то 15 соли зиндон ва ба Лутфулло Давлатов то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Зану шавҳар дар робита ба "қазияи Мадина" боздошт шудаанд
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:02 0:00

Додситонӣ ҷузъиёти бештари парвандаро то ҳол шарҳ надодааст. Пештар гуфта мешуд, ки Азиза Давлатова маъшуқаи ҳамсараш Лутфулло Давлатовро аз шаҳр берун бурда, латукӯб ва шиканҷа кардааст, то аз шавҳари ӯ даст кашад. Назари онҳо ё вакили мудофеи онҳо ба қазия маълум нест. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, ин ҷо хушунату зӯроварӣ нисбати зан ва хунукназарии мақомот дар таҳқиқи ҳодиса сабаби доғ гаштани он шудаанд. Сарони додситонӣ то ҳол нагуфтаанд, ки Лутфулло Давлатов то куҷо дар шиканҷаи Мадина Муҳаммадҷонова нақш дорад.

Оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин ду нафар дар пайи талаби густурдаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат мегирад. Фаъолон ҳафтаи гузашта бо як муроҷиати дастаҷамъона аз Рустами Эмомалӣ хостанд ба қазияи латукуби бераҳмонаи Мадина ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахси гунаҳкор расидагӣ кунад. Фаъолони ҳуқуқи занон аз он нигаронанд, ки зани гумонбар афв ва аз ҷавобгарӣ озод шудааст. Дар вокуниши раиси шаҳри Душанбе ҳам, ки рӯзи 30 октябр пахш шуд, ин нукта тасдиқ шудааст, ки омилони азияти Мадина Муҳаммадҷонова бо татбиқи қонун "Дар бораи авф" аз ҷавобгарӣ озод шудаанд.

Рӯзи 1-уми ноябр Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қазияи шиканҷаи Мадина Муҳаммадҷоноваро дар як ҷаласаи махсус баррасӣ кард. Пешрафт дар ҳалли қазия ва он ҳам пас аз муроҷиати дастҷамъона ба раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистонва шаҳрдори Душанбе, писари президенти кишвар Рустами Эмомалӣ суолҳоеро ба миён овардааст, ки чаро мақомот дар иҷрои вазифаҳои худ саҳлангорӣ кардаанд.

Ҳодисаи латукӯби бераҳмонаи зани ҷавон, дар чанд рӯзи ахир дар ҷомеаи Тоҷикистон сару садои зиёде ба по карда, мавзӯи муҳокима ва муҷозоти худсаронаро доғ намуд.

XS
SM
MD
LG