Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон дастур дод, коргарони буҷавӣ ба таблиғи интихобот ҷалб нашаванд


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон фармон "Дар бораи таъмини интихоботи озод ва шаффофи порлумонӣ" - ро имзо кард.

Рӯзи 1 ноябр маркази матбуотии президенти Қирғизистон дар шарҳи фармон хабар дод, ки "бо ҳадафи пешгирӣ аз ҳама гуна таъсир ба шаҳрванд, маҷбур кардан ба ширкат кардан ва ё накардан" ба девони вазирон, мақомоти маҳаллӣ, ниҳодҳои қудратӣ дастур дода шудааст.

Ба девони вазирони Қирғизистон дастур шудааст, ки таблиғоти озод ва бидуни монеаи номзадҳо таъмин ва аз дахолати мақомот дар кори комисияҳои интихоботӣ пешгирӣ шавад. Ҳамчунин ба мақомдорони маҳаллӣ дастур дода шудааст, ки таблиғоти интихоботӣ ширкат наварзанд ва ё аз мақом сӯистифода набаранд. Инчунин ҷалби омӯзгорону хонандагони мактаб, донишҷӯён, коргарони соҳаи тиб ва дигар коргарони буҷавӣ ба таблиғи интихобот манъ карда шавад, омадааст дар дастури Ҷабборов.

Дар сурати риоя нашудани ин дастурҳо мумкин аст, мақомдорон аз вазифа ронда шаванд.

Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 28 ноябр баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG