Ссылки доступа

Сарбозони навдаъватшуда дар Туркманистон ба COVID-19 мубтало шудаанд


Дар вилояти Лебапи Туркманистон миёни сарбозони навдаъватшуда даҳҳо ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ошкор шудааст.

Ҳамаи гирифторонро дар бемористоне дар шаҳри Туркманобод ба қарантина гирифтаанд.

Дар Туркманистон мавсими даъвати тирамоҳӣ ба артиш давом дорад. Даъвати тирамоҳӣ дар моҳҳои октябр-декабр сурат мегирад ва ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш ҷалб мешаванд.

Манобеъ мегӯянд, ҷавононе, ки ба COVID-19 гирифтор шудаанд, ба эҳтимоли зиёд ҳангоми интиқол ёфтан аз ноҳияҳо ба шаҳри Туркманобод дар дохили қатора мубтало шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Туркманистон то кунун мавҷудияти вабои коронавирусро дар ин кишвар рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG