Ссылки доступа

Расонаҳо: Аз шаҳрвандони Узбекистон дар марзи ҳамсоякишварҳо пора талаб мекунанд


Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, мақомдорон дар марзи кишварҳои ҳамсоя аз шаҳрвандони Узбекистон барои убури марз пора талаб мекунанд.

Ба навиштаи сомонаи Kun.uz, пораи бештар ҳангоми убури марзи Тоҷикистон талаб карда мешавад. Дар гузаргоҳи марзии "Ойбек" марзбонони Тоҷикистон аз шаҳрвандони Узбекистон 150-200-сомонӣ талаб мекунанд, менависад хабарнигори Kun.uz.

"Барои талаби пора усули оддӣ, аммо коромаде роҳандозӣ шудааст. Узбекистониҳоро нахуст чанд соат дар минтақаи миёни марз мунтазир нигаҳ медоранд. Дар натиҷа, аз ноилоҷии онҳо истифода бурда, барои убури сарҳад пора талаб мекунанд", - омадааст дар матлаби сомона.

Дар гузаргоҳи "Достук" дар марзи Узбекистон бо Қирғизистон аз шаҳрвандони Узбекистон ҳудуди 5 доллари ИМА пора талаб мешавад, менависад хабарнигори Kun.uz.

Дар марзи Қазоқистон, дар гузаргоҳи "Жибек жолӣ", камтар аз ду гузаргоҳи Тоҷикистону Қирғизистон - ҳамагӣ 0,5 доллари ИМА пора талаб мекардаанд.

XS
SM
MD
LG