Ссылки доступа

Нахустин парвози ҳавопаймо ба фурудгоҳи Сӯхи Узбекистон


Дар фурудгоҳи нави ноҳияи сӯхи Узбекистон, ки дар ҳудуди маҳаллаи "Навобод" ҷойгир аст, нахустин парвози санҷишӣ анҷом дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии вилояти Фарғонаи Узбекистон, ҳавопаймои мусофирбари Ан-2П"-и ширкати "Humo Air" 1 ноябр барои санҷиш аз фурудгоҳи Фарғона ба фурудгоҳи Сӯх парвоз кардааст.

Пештар расонаҳо хабар доданд, дар ноҳияи Сӯхи Узбекистон, ки дар дохили вилояти Бодканди Қирғизистон аст, фурудгоҳи нав сохтанд.

Фурудгоҳи нав дар майдони 7 га сохта шуда, дарозии хатти фуруду парвози ҳавопаймоҳо 700 метрро ташкил медиҳад.

Ноҳияи Сӯхи Узбекистон аз 350 километри мураббаъ иборат буда, комилан дар иҳотаи вилояти Бодканди Қирғизистон аст. Барои вуруд ба Сӯх бояд 20 км ҳудуди Қирғизистонро тай кард.

Роҳ ба сӯи Сӯх дар соли 2013, баъди низоъ дар марзи Қирғизистон бо Узбекистон, баста шуда буд. Роҳ танҳо моҳи апрели соли ҷорӣ боз шуд. Бо ин вуҷуд, мошинҳои борбар то кунун иҷозаи убур аз онро надоранд.

XS
SM
MD
LG