Ссылки доступа

Москва аз нерӯи муҳоҷирон дар сохтмонҳои шаҳр даст кашиданист


Шаҳрдории Москва нақшаи даст кашидан аз нерӯи муҳоҷирони корӣ дар сохтмонҳои пойтахти Русияро таҳия мекунад.

Муовини шаҳрдори Москва Андрей Бочкарев дар суҳбат бо хабаргузории РБК гуфтааст, Ба раванди сохтмон бояд се баробар одами камтар ҷалб ва маоши бинокорон ду ё се баробар зиёд карда шавад. "Дар ин сурат мо метавонем ду баробар зудтар биноҳоро бунёд кунем", - афзудааст ӯ.

Бочкарев дар идома таҷрибаи ИМА ва кишварҳои аврупоиро намуна оварда, изҳор доштааст, ки бинокорон дар ин давлатҳо "беҳтар омода карда шудаанд" ва як нафари онҳо метавонад, се касро иваз кунад.

Ба ҳисоби муовини шаҳрдори Москва, аз 120 ҳазор бинокори хориҷӣ дар сохтмонҳои пойтахти Русия ҳудуди 40 ҳазор мондааст. "Онҳо асосан шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғизистон ҳастанд. Сафи сокинони Москва низ бештар шудааст", - илова кардааст Бочкарев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми маоши миёнаи муҳоҷирони корӣ дар сохтмонҳои Москва аз 30 то ба 50-60 ҳазор рубл афзоиш ёфтааст, вале бештари онҳо аллакай намехоҳанд, бар ивази ҳатто 80 ҳазор рубл кор кунанд.

XS
SM
MD
LG