Ссылки доступа

Фейсбук гуфт, ба ҳукумати Қазоқистон "дастрасии истисноӣ" надодааст


Ширкати "Meta Platforms", соҳиби шабакаи иҷтимоии "Facebook" бо нашри изҳороте гуфтааст, ба ҳакумати Қазоқистон ҳеч гуна дастрасии истисноӣ ба "Низоми огоҳкунанда дар бораи матолиб"-и шабака дода нашудааст.

Вазорати иттилоот ва рушди иҷтимоии Қазоқистон пештар изҳоротеро аз номи раҳбарияти ин ниҳод ва ширкати "Meta Platforms" нашр карда буд. Дар ин изҳорот омада буд, ки ҳукумати Қазоқистон ба "Низоми огоҳкунанда дар бораи матлабҳо" дастрасии "истисноӣ" пайдо кардааст.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, ҳукумати Қазоқистон гӯиё минбаъд аз муҳтавои матлабҳое, ки қонунгузории миллии он кишвар ва сиёсати шабакаи иҷтимоиро нақз мекунанд, фавран огаҳ хоҳад шуд.

"Ин изҳорот муштарак нест. Он изҳороти худи ҳукумати Қазоқистон аст. Мо ба ҷониби Қазоқистон раванди баррасии дархости ҳукуматҳоро дар бораи манъи нашри матлабҳое, ки қонунгузории миллиро нақз мекунанд, фаҳмондем ва онҳо дар асоси ин изҳороти мазкурро таҳия кардаанд", - гуфтааст мудири "Meta Platforms" дар умури иртибототи сиёсӣ дар минтқаи Осиё ва Уқёнуси Ором Бен МакКонахӣ ба Reuters.

XS
SM
MD
LG