Ссылки доступа

Узбекистону Қазоқистон аз Русия техникаҳои низомӣ харидаанд


Русия соли равон ба Узбекистон зарбазанҳои "Су-30СМ", чархболҳои "Ми-35М", муҷтамаъҳои мушакии "Бук-М2Е", зиреҳпӯшҳои "БТР-80" ва "БТР-82А" фурӯхтааст.

Дар ин бора раиси Хадамоти федеролии ҳамкориҳои низомӣ-техникии Русия Дмитрий Шугаев 1 ноябр ба РБК иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи Шугаев, Узбекистон ҳамчунин аз Русия ҳавопаймоҳои бесарнишини "Орлан-10Э", зиреҳпӯшҳои сабукрави "Тайфун-К" ва силоҳ харидорӣ намудааст.

Раиси Хадамоти федеролии ҳамкориҳои низомӣ-техникии Русия​ афзудааст, ки Қазоқистон низ таҷҳизотҳои ҳамсонро дастрас кардааст. Аммо ӯ дар бораи теъдод ва арзиши техникаҳои низомии фурӯхташуда ба Узбекистон ва Қазоқистон иттилое надодааст.

Расонаҳо моҳи майи соли 2019 хабар доданд, ки Узбекистон ҳамкориҳои низомӣ-техникии худро бо Русия тақвият мебахшад.

XS
SM
MD
LG