Ссылки доступа

Коргарони ду чоҳи нафт дар Қазоқистон корпартоиро қатъ карданд


Даҳҳо коргар да ду чоҳи нафти Кенкияк ва Жанажол дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон, ки рӯзи душанбе бо талаби маоши бештар корпартоӣ карда буданд, дар нимаи дувуми рӯз корпартоиро қатъ кардаву дубора ба кор баргаштаанд.

Дар ин бора аз мақомоти вилояти Оқтеппа хабар доданд.

Коргарон низ ин иттилоъро тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, талаби онҳо иҷро нашудааст ва мумкин аст, дертар дубора талаби маоши бештар кунанд.

Рӯзи 1 ноябр наздики 100 коргар дар ду чоҳи нафти вилояти Оқтеппаи Қазоқистон бо талаби маоши бештар корпартоӣ карданд.

Ин коргарон, ки ба ҳайси ронанда дар чоҳҳои нафти Кенкияк ва Жанажол кор мекарданд, рӯзи душанбеи 1 ноябр пушти дари ширкате ҷамъ шуданд, ки ба истихроҷи нафт дар чоҳи Кенкияк машғул аст.

"Ман соли 2011 ба кор омадам. 180 ҳазор танга маош таъйин карданд. То ҳол ҳамон 180 ҳазорро мегирам, ки аз ҳисоби худам мошин таъмир мекунам, сӯзишворӣ мехарам, ҳоло ҳамарӯза барои муайян кардани бемории коронавирус тест месупорам. Дар поёни моҳ ҳамагӣ 30-40 ҳазор танга дар ҷайбам мемонад. Маоши ман тӯли 10 сол баланд нашудааст", - гуфт яке аз эътирозгарон Нуртас Кенҷебоев.

Ертай Айтжанов, эътирозгари дигар гуфт, ки дар маҷмуъ 120 кас корпартоӣ кардааст. Ҳамаи онҳо талаби маоши бештарро доранд.

Намояндагони ширкате, ки коргарони он корпартоӣ карданд, қазияро дар суҳбат бо расонаҳо шарҳ надоданд.

XS
SM
MD
LG