Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон аз СММ хост, барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бунёди вижа таъсис шавад


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 2 ноябр дар суханрониаш дар 26-умин ҷаласаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ба СММ пешниҳод кард, ки бунёди махсус таъсис шавад.

Вай гуфт, барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим бояд, дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла кишоварзӣ, захоири об, энержӣ, саноат, ҳолатҳои фавқулода ва ғайра тарҳҳои вижа амалӣ кард.

"Ҳаҷми корҳо бузург аст. Бояд дар назар дошт, ки 94 дарсади ҳудуди кишвари мо куҳсор аст. Амалисозии он тарҳҳо қариб 3 миллиард доллар харҷ талаб мекунад. Масъалаи марбут ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба аксари кишварҳои куҳсор рабт дорад. Барои ҳалли онҳо ҳукуматҳо ба кӯмаки берунӣ ниёз доранд", - гуфт Ҷабборов.

Вай пешниҳод кард, ки таҳти роҳбарии СММ, барои амалисозии тарҳҳои марбут ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бунёди вижа таъсис шавад ва ҳадаф аз таъсиси бунёд ҳифзи пиряхҳо ва ҷангалҳо бошад. Инчунин ин бунёд омодагӣ ба фалокатҳои табиӣ, ҳимоят аз аҳолии куҳистон, махсусан занону кӯдаконро мадди назар дошта бошад.

Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Глазго рӯзи 1 ноябр шуруъ шуд. Дар ин конфронс наздики 100 роҳбар аз кишварҳои мухталиф ширкат мекунад.

XS
SM
MD
LG