Ссылки доступа

"Адил соз": дар соли 2021 нисбати рӯзноманигорон дар Қазоқистон 7 боздошт, 16 ҳамла сурат гирифтааст


Шуруъ аз оғози соли 2021 то ин замон созмони ҳомии ҳуқуқи расонаҳо дар Қазоқистон "Адил соз" 77 ҳолати монеъ шудан ба фаъолияти рӯзноманигорон, 7 ҳолати боздошти кормандони расонаҳо, 16 ҳолати ҳамла, ду ҳолати таъқиб ва 30 ҳолати таҳдидро сабт кардааст.

Ин иттилоъро дар Рӯзи байналхалқии мубориза бо беҷазоӣ барои ҷиноят нисбати рӯзноманигорон, ки 2 ноябр қайд мешавад, Тамара Калеева, раиси созмони "Адил соз" эълом кард.

"Мо наметавонем, ифтихор кунем, ки рӯзноманигорӣ дар кишвари мо - касби бехатар аст", - навишт Калеева дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Вай ёдовар шуд, ки Қазоқистон дар шохиси озодии расонаҳо аз миёни 180 кишвар дар мақоми 155 қарор дорад. Ҳамчунин вай афзуд, касоне, ки зидди кормандони расонаҳо ҷиноят содир мекунанд, дар бештари вақт беҷазо мемонанд.

Калеева даъват кард, ки аз рафторҳои ғайриқонунӣ нисбати рӯзноманигорон дар Қазоқистон пешгирӣ шавад. Ба гуфтаи вай, дар ғайри сурат, "Қазоқистон мумкин аст, дар фурсати хеле наздик дар рӯйхати озодии расонаҳо шомили "минтақаи сиёҳ" шавад".

XS
SM
MD
LG