Ссылки доступа

Домоди хурдии Мирзиёев дубора дар мазҳари ом пайдо шуд


 Отабек Умаров
Отабек Умаров

Муовини президенти Шӯрои олимпии Осиё ва домоди хурдии президенти Узбекистон Отабек Умаров 2 ноябр дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар меҳмонсарои "Hilton"-и шаҳри Тошканд иштирок кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Умаров дар ин ҳамоиш, ки бо ҳузури намояндагони кумитаҳои олимпии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешуд, ҳудуди 30 дақиқа иштирок кардааст.

Умарови 36-сола баъди як садамаи нақлиётӣ бо ҳавопаймои махсус нахуст ба Москва ва баъдан ба Куриёи Ҷанубӣ интиқол ёфта буд. Ин садама 13 феврали соли равон дар маркази шаҳри Тошканд рух дод.

Манобеъ гуфтанд, Отабек Умаров бо мототсикл садама карда ва пояш ҷароҳат бардоштааст. Ба иттилои манобеъ, ӯро нахуст дар беморхонае дар Тошканд бистарӣ ва пояшро шаш соат ҷарроҳӣ кардаанд. Гуфта мешуд, пои рости вай аз 3 ҷо шикастааст.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари бо суръати баланд рондани нақлиёт аз сӯи Отабек Умаров нашр мешуд. Тобистони соли 2019 вай дар кӯчаҳои Тошканд мошини навъи Tesla-ро бо суръати 200 км/соат ронд ва барои ин амал бештар аз 200 доллар ҷарима шуд.

XS
SM
MD
LG