Ссылки доступа

Порлумони Қазоқистон қонуни афви маҳбусонро қабул кард


Порлумони Қазоқистон рӯзи чоршанбе лоиҳаи қонуни афв бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии он кишварро қабул кард.

Ин лоиҳаи қонун озодии маҳбусонеро пешбинӣ мекунад, ки барои ҷиноятҳои "хурду вазнини миёна" аз озодӣ маҳрум шудаанд. Ҳамчунин дар доираи қонуни мазкур муҳлати ҷазои маҳбсуоне, ки бар асоси як қатор бандҳои алоҳида зиндонӣ шудаанд, кам мешавад.

Ба иттилои вазири умури дохилии Қазоқистон Ерлан Тургумбоев, қонуни афв нисбат ба 2 236 маҳбус ва 11 310 шахсе, ки парвандаашон мавриди тафтиш қарор дорад, амалӣ хоҳад шуд.

"Қонун афви озодии собиқадорон, ноболиғон, маъюбони гуруҳҳои 1-2 ва шахсонеро пешбинӣ мекунад, ки ба амнияти шаҳрвандон ва давлат хатар надоранд", - изҳор дошт Тургумбоев.

XS
SM
MD
LG