Ссылки доступа

Дар Туркманистон муаллифи шеър дар бораи коронавирусро зиндонӣ карданд


Мурат Овезов (слева) и Азат Исаков
Мурат Овезов (слева) и Азат Исаков

Блогери туркман Мурод Овезов барои нашри видеое, ки дар он шеър дар бораи коронавирусу карантин дар Туркманистон қироат гаштааст, аз озодӣ маҳрум шуд.

Ба иттилои расонаи turkmen.news, додгоҳи Туркманистон Овезови 48-соларо тобистони соли гузашта 5 сол зиндонӣ кардааст.

Расона бо истинод ба манбаъҳои худ 1 ноябр хабар додааст, ки мақомоти туркман баъди нашри видеои мазкур дар шабакаи "YouTube" зидди блогер бо айби "қаллобӣ" парванда боз кардаанд.

Мурод Овезов нашри видеоҳои худ дар шабакаи "YouTube"-ро соли 2020 оғоз карда буд. Вай гуфт, дар кишварҳои дигар одамон бо вуҷуди риояи чораҳои эҳтиётӣ ба коронавирус мубтало мешаванд. Вале дар Туркманистон ҳеч гуна чораи эҳтиётӣ риоя карда намешавад.

Мақомоти Туркманистон то ҳол иддао мекунанд, ки дар ин кишвар касе ба коронавируси нав гирифтор нашудааст. Дар ҳоле ки расонаҳои мустақил баръакси онро мегӯянд.

XS
SM
MD
LG