Ссылки доступа

Раиси "Узкомназорат"-и Узбекистонро барои бастани шабакаҳои иҷтимоӣ сабукдӯш карданд


Дар Узбекистон раиси Идораи давлатии назорат дар бахши иттилоот ва иртиботот "Узкомназорат" Ғолибшер Зиёевро аз мақом барканор карданд.

Ин идора дирӯз шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, "Одноклассники", Telegram, LinkedIn, YouTube, "Мой мир" ва чанди дигарро ба рӯйхати поймолкунандагони иттилои шахсии корбарон шомил ва дастрасӣ ба онҳоро маҳдуд кард.

Шерзод Асадов, сухангӯи президенти Узбекистон дар Фейсбук навишт, ки бо дастури Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, Ғолибшо Зиёев барои тасмими ҳамоҳангношуда сабукдӯш гардид. Асадов гуфт, аз рӯи қарори бастани шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқиқ сурат хоҳад гирифт.

Шерзод Асадов афзуд, дастрасӣ ба ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба зудӣ барқарор мешавад.

"Узкомназорат" пештар аз ин рӯйхати вайронкунандагони ҳуқуқи корбарон ба иттилои шахсиро тартиб дода буд. Моҳи июли шабакаҳои иҷтимоии Twitter, TikTok, "ВКонтакте" ва Skype ба он рӯйхат шомил ва фаъолияти онҳо дар Узбекистон маҳдуд шуда буд.

"Узкомназорат" аз шабакаҳои иҷтимоӣ талаб дорад, ки маълумоти корбарони узбекистониро дар дохили Узбекистон нигаҳдорӣ кунанд. Иҷро накардани ин талабот боиси маҳдудсозии дастрасӣ ва ё ҷарима мешавад.

XS
SM
MD
LG