Ссылки доступа

Қирғизистон мегӯяд, ширкатҳои қазоқистонӣ ба Бишкек ангишт намеоранд


Мудири кулли ширкати "Пойгоҳҳои барқӣ"-и Қирғизистон Талайбек Бектенов дар як нишасти хабарӣ рӯзи 3 ноябр иттилоъ дар бораи бастани шартнома бо ширкати қазоқистонии Hampton Resources Limited-ро оид ба хариди ангишт барои Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек рад кард.

Рӯзноманигорон ёдовар шуданд, ки девони вазирони Қирғизистон дастур додааст, бо ширкатҳои қазоқистонӣ шартнома баста шавад. Беткенов дар посух гуфт, ширкати мазкур ҳоло ба пойгоҳи гармидиҳии шаҳри Бишкек ангишт намеорад.

"Мо чунин ҳуҷҷате дар даст надорем. Ҳоло дар пойгоҳи гармидиҳӣ ҳам ангишти воридотӣ истифода мекунем, ҳам ангишти дохилӣ. Мо аз ширкати Hampton Resources Limited ҳамагӣ 7 тона ангишт харидем, барои озмоиш. Бале ин ангишт хуб месӯзад ва газ хориҷ намекунад. Аммо ба мо хулоса пешниҳод карданд, ки ангишти мазкур намнокиро зуд мекашад. Бо ҳамин тамом, бо он ширкат мо дигар шартнома набастем", - гуфт Бектенов.

Моҳи октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нусхаи шартнома бо ширкати Hampton Resources Limited нашр шуда буд.

Дар порлумони Қирғизистон тасмими девони вазиронро танқид карданд. Вакилони порлумони Қирғизистон гуфтанд, ширкати Hampton Resources Limited эътибори мусбат надорад.

XS
SM
MD
LG