Ссылки доступа

Бештар аз 30 созмони ҳомии ҳуқуқ аз Туркия хостанд, фаъолони туркманистониро таъқиб накунад


Участники акции протеста против туркменского правительства, США, сентябрь, 2020
Участники акции протеста против туркменского правительства, США, сентябрь, 2020

Даҳҳо созмони ҳомии ҳуқуқ бо нашри изҳороти муштарак аз ҳукумати Туркия хостанд, ки ба таъқиби фаъолони туркманистоние роҳ надиҳад, ки дар Туркия паноҳ бурдаанд.

Дар чанд моҳи охир шаҳрвандони Туркманистон, ки дар эътирозҳои мухталиф ширкат ва аз ҳукумати Туркманистон интиқод мекунанд, дар шаҳрҳои мухталифи Туркия таъқибу боздошт шуданд. Изҳороти мазкурро, ки рӯзи 2 ноябр нашр шуд, 22 созмони ҳомии ҳуқуқ аз кишварҳои аврупоӣ, Русия, Украина, Гурҷистон ва ИМА имзо кардаанд.

Ин созмонҳо аз бад шудани вазъи муҳоҷирони туркманистонӣ дар Туркия изҳори нигаронӣ кардаанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки мақомоти Туркманистон ба хешовандони фаъолон фишор меорад.

XS
SM
MD
LG