Ссылки доступа

Эрон хабар дод, 29 ноябр ба гуфтугӯҳои созиши ҳастаӣ бармегардад


Али Бакери-Кани
Али Бакери-Кани

Эрон тасмим дорад, 29 ноябр дар Вена гуфтугӯҳоро бо кишварҳои абарқудрат дар мавриди созиши барномаи ҳастаии Теҳрон шуруъ кунад.

Санаи давраи нави гуфтугуҳо бо ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо Энрик Морӣ тариқи телефон мувофиқа шудааст. Дар ин бора Алӣ Боқирӣ, як масъули вазорати корҳои хориҷии Эрон иттилоъ дод.

Мақомоти Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, дар музокирот бо Эрон таҳти раисии Морӣ намояндагони Бритониё, Чин, Фаронса, Олмон ва Русия ширкат мекунанд.

"Мо ба гуфтугӯҳо бо ҳадафи бекор кардани таҳримҳои ғайриинсонӣ розӣ шудем", - навшит Боқирӣ дар твиттер. Расонаҳо навиштанд, манзури дипломати эронӣ таҳримҳоест, ки баъди берун шудани Вашингтон аз созиши ҳастаӣ дар соли 2018 Амрико нисбати Эрон ҷорӣ кард.

Ғарб Эронро дар омодасозии силоҳи ҳастаӣ гумонбар мекунад. Теҳрон ин гумонҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG