Ссылки доступа

Азми бузургтарин корхонаҳои Қазоқистон барои коҳиши партовҳои зарарнок


Вазири экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон Сериккалӣ Брекешев гуфт, ширкатҳои бузурги ин кишвар тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми партовҳои зарарноки худро коҳиш диҳанд.

"Бахши оҳангудозии "АрселорМиттал Темиртау" тасмим гирифтааст, ки ба ҷои сӯзишворӣ аз газ истифода карда, ҳаҷми партовҳои зараррасонро то 30 дарсад кам кунад. Корхонаи “Қазоқмис" ҳам мехоҳад, бо ин мақсад аз технологияҳои пешрафта истифода кунад", - изҳор дошт Брекешев.

Санҷиши техникии Вазорати экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон дар 89 ширкати бузургтарини ин кишвар муайян кардааст, ки бештари онҳо ҳанӯз барои гузариш ба истифодаи технологияҳои пешрафта омода нестанд.

Масъалаи партовҳои зараррасони ширкатҳои бузурги Қазоқистон давоми чанд соли ахир ба яке аз мавзуъҳои нигаронкунанда табдил ёфтааст. Барои намуна, барф дар шаҳри Темиртауи ин кишвар баъди расидан ба замин ба иллати партовҳои саноатӣ сиёҳ мешавад.

XS
SM
MD
LG