Ссылки доступа

Қирғизистон ба латтукӯб шудани як муҳоҷираш аз сӯи пулиси рус эътироз кард (видео)


Сафорати Қирғизистон дар шаҳри Москва дар эътироз ба латтукӯб шудани як қирғизистонӣ аз сӯи пулиси рус ба Вазорати умури хориҷии Русия нота фиристодааст.

Ин ниҳод ҳамчунин ба Вазорати умури дохилӣ ва Сарраёсати тафтишотии Русия муроҷиат карда, хостори таъмини таҳқиқи беғаразонаи ҳодиса ва додани баҳои ҳуқуқӣ ба корманди пулис шудааст.

"Барои ҳимояти ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрванди Қирғизистон ҳамаи чораҳои имконпазир андешида мешавад", - омадааст дар иттилоияи сафорати Қирғизистон дар Русия.

Блогер Ринат Усупбаев 3 ноябр бо нашри видеое хабар дод, ки як шаҳрванди Қирғизистон дар шаҳри Москва аз сӯи корманди пулис латтукӯб шудааст. Ӯ аз Вазорати умури хориҷии Қирғизистон хоста, ки ба сафорати Русия дар Бишкек нотаи эътирозӣ фиристад.

Дар видео дида мешавад, ду корманди пулис марди дорои чеҳраи осиёиро ҳангоми боздошт латтукӯб мекунанд. Роҳгузарон аз маъмурон хоҳиш мекунанд, ки аз нерӯ кор нагиранд.

Сафорати Қирғизистон муайян кардааст, ки ин ҳодиса 2 ноябр дар Москва рух дода, шахси латтукӯбшуда шаҳрванди 21-солаи он кишвар аст. Сабаби боздошти қирғизистонӣ гуфта намешавад.

XS
SM
MD
LG